Ссылки доступа

Дар Қазоқистон баъди мавҷи хушунатҳо ҷаласаи комисияи кор бо ноболиғон барпо мешавад


Дар пасманзари паҳн шудани навори нави хушунат алайҳи ноболиғи дигар, вазорати корҳои дохилии Қазоқистон пешниҳод кард, ҷаласаи навбатии комисияи кор бо ноболиғон барпо шавад.

"Вазорати корҳои дохилӣ барои баррасии ҳодисаҳои дар вилоятҳои Туркистон, Қизилурда, Қарағанда ва Оқтеппаи Қазоқистон рухдода пешниҳод кард, ки ҷаласаи фаврии комисияи байниидоравӣ дар умури ноболиғон ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо барпо шавад", - хабар дод сухангӯи ВКД Алмас Сдубоев рӯзи душанбе.

Қонунгузории Қазоқистон пешбинӣ мекунад, ки ноболиғ дар ҳоли содир кардани ҷиноят ба синни 14 расида бошад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон рӯзи ҷумъа хабар дода буд, ки тафтиши ҳодисаи дар шаҳри Қизилурда рух дода тафтиш мешавад. 21 январ дар интернет наворе нашр шуд, ки се хонандаи мактаб аз сӯи хонандагони синфҳои болоӣ латту кӯб мешуданд. Ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба бор овард. Пулиси Оқтеппа 10 январ хабар дод, ки ҳодисаи занозании хонандагони синфи 10 бо хатмкунандагонро тафтиш мекунад.

XS
SM
MD
LG