Ссылки доступа

Наздикони қазоқҳои Чин аз Русия ва ИМА дархости кумак карданд


Гуруҳи қазоқтабороне, ки аз минтақаи худмухтори Шинҷони Чин ба Қазоқистон паноҳ бурдаанд ва мегӯянд, пайвандонашон дар он кишвар боздошту шиканҷа мешаванд, 28 январ дар шаҳри Алмато нишасти хабариеро баргузор карданд.

Яке аз иштирокдорон, ки аз номи ҷамъшудаҳо сухан мегуфт, аз президентҳои ИМА ва Русия -- Доналд Трамп ва Владимир Путин хост, ба қазияи онҳо дахолат кунанд. Ӯ матни хитобаеро бо забонҳои русӣ ва англисӣ низ қироат кард.

Ба гуфтаи иштирокдорони нишаст, наздикону пайвандони бархе аз онҳоро дар Чин боздошт ва дар "марказҳои бозомӯзии сиёсӣ"-и Шинҷон шиканҷа мекунанд ва баъзеи дигарро ба ҳабси хонагӣ гирифтаанд.

Дар бораи таъқиби ақалиятҳои миллии Чин, аз ҷумла қазоқтаборон аз баҳори соли 2017 ба ин сӯ хабар дода мешавад. Гуруҳи қазоқтабарони ба Қазоқистон паноҳбурда моҳи октябри соли гузашта бо навиштани як хитобаи дастаҷамъӣ аз садри аъзами Олмон Ангела Меркел низ барои раҳоии наздиконашон аз "марказҳои бозомӯзии сиёсӣ"-и Шинҷон дархости кумак карда буданд.

Вазорати умури хориҷии Қазоқистон ибтидои моҳи январ хабар дод, ки Чин иҷозат додааст, ду ҳазор қазоқтабор аз ин кишвар берун бираванд. Ба гуфтаи вазорат, ин қазоқтаборон ба маҳзи вуруд ба Қазоқистон ҳақ доранд, дархости ҳаққи шаҳрвандӣ кунанд.

Худи Пекин боздоштҳои дастаҷамъии ақалиятҳои миллиро рад мекунад. Мақомоти Чин мавҷуд будани "урдугоҳҳои махсус"-ро тасдиқ мекунанд, вале онҳоро "марказҳои омӯзиши касбӣ"-е меноманд, ки гӯё барои пешгирӣ аз экстремизми динӣ таъсис дода шудаанд.

XS
SM
MD
LG