Ссылки доступа

Аз кулбаи оҳанӣ ба хонаи 20 000-долларӣ (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Занозании марговар. Дар Шалкари вилояти Оқтеппаи Қазоқистон куштори хонандаи мактабро тафтиш мекунанд. Наврас дар занозанӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ аз зарби корд кушта шуд (видео)

- "Насиб бошад суръати Интернетро ба 50 гигабит мерасонем". Илҳом Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ваъда дод, ки то 5 моҳи дигар суръати Интернетро дар кишвар ба 50 гигабит дар сония мерасонанд (видео)

- Вазири адлия нагуфт, ки дар зиндони Хуҷанд чӣ гузашт. Вазири адлияи Тоҷикистон аз посух гуфтан ба суолҳо дар бораи ошӯб дар зиндони рақами 3-и Хуҷанд худдорӣ кард. Рустами Шоҳмурод рӯзи 28-уми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ҳоло тафтиши ошӯб аз тарафи Додситонии кулли Тоҷикистон идома дорад (видео)

- Аз кулбаи оҳанӣ ба хонаи 20000-долларӣ. Хонаводаи Бадриддин Садриддинов то чанд рӯзи пеш дар як кулбаи тангу тор дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон зиндагӣ мекард. Кулбае, ки на дару девори дуруст дошт, на ҷойи хоб. Ҳоло ин хонавода соҳиби як манзили бист ҳазордолларӣ шуд (видео)

- Сачоқу хилъатҳои "Текстил" бо тамғаи "Made in Tajikistan" (видео)

- Расми Куинҷиро аз нигористони Третяков чи гуна рабуданд (видеои Настоящее время)

- «Беморанд, ба хотири он ки ҳавои ифлосро нафас мекашанд». Сокинони Петропавловск мегӯянд, аз ҳавои олуда нафас мекашанд. Корхонаҳои хусусии атроф ҳаворо олуда кардаанд. Табобон афзоиши саратони шушро мушоҳида кардаанд (видео)

- Хуан Гуайдо кист, ки худро президенти Венесуэла эълон кардааст (видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG