Додситонии кулли Қазоқистон Трофимовро ба "ҳамдастӣ дар дуздии пулҳои "БТА Бонк" ба маблағи калон дар солҳои 2005 - 2009, қонунигардонии онҳо ва ташкилу раҳбарии гуруҳи муташаккили ҷиноӣ" айбдор медонад.
Трофимов дар натиҷаи амалиёти намояндагии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон бо ҳамтоёни ӯзбекашон боздошт ва истирдод шудааст.
Додгоҳи Қазоқистон дар доираи парвандаи "дуздии пулҳои БТА Бонк" ним сол пеш мудири пешини бонк Мухтор Аблязовро, ки аз соли 2009 ба ин сӯ дар хориҷ ба сар мебарад, ғоибона ба 20 соли зиндон маҳкум кард.