Арон Абилов, додситони ноҳияи Шалкар 28 январ гуфт, бо моддаи "Куштор" парванда боз шудааст. Ҳодисаи марги наврас ҳафтаи гузашта рух дод.
Занозанӣ байни хонандагони ду мактаби ноҳияи мазкур сар зад. Дар натиҷаи ин занозанӣ як хонандаи синфи 10 кушта шуд.
Ба гуфтаи табибон, афроди ношинос навраси маҷруҳро назди беморхона гузошта, фирор кардаанд. Табибон ӯро ба дохили беморхона бурданд. Наврас баъди 15 дақиқаи расидан ба беморхона вафот кардааст.
Мақомот мегӯянд, дар робита ба ин ҳодиса як наврас боздошт ва чанд тани дигар бозпурсӣ шудаанд.