Ссылки доступа

Моҳигирӣ дар кӯлу обанборҳои Туркманистон манъ шуд


Сар аз моҳи январи соли равон моҳигирӣ дар атрофи шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон манъ шудааст. Ба гуфтаи хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ, қарори манъи моҳигирӣ, аз ҷумла ба обанбору кӯлҳои Куртлин, Геоктепин ва варзишии Туркманистон дахл дорад.

"Мардум аз бекорӣ солҳо боз асосан бо моҳигирӣ машғул буданд. Онҳо ҳатто моҳичаҳоро низ меқапиданд. Ҳоло моҳӣ намондааст. Сабаби асосӣ ин аст, ки дар мавсими тухмгузорӣ моҳиҳоро мегирифтанд. Ҳамчунин тирамоҳ обро ба ҷӯйборҳо сар медоданд ва моҳичаҳо низ бо об мерафтанд ва вақте обро дубора мебастанд, онҳо мемурданд. Дар гузашта барои парвариши моҳӣ шароити махсус сохта мешуд. Моҳичаҳоро дар обанборҳои махсуси алоҳида мепарвариданд", - гуфт хабарнигор 28 январ.

Хабарнигори мо аз манъи моҳигирӣ дар шарқи Туркманистон, дар вилояти Лебап низ хабар медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло моҳидорӣ дар обанборҳои Газаҷак ва Зайди ноҳияи Отамурод манъ шудааст.

Ба гуфтаи манобеъ, соли 2013 бо мақсади афзоиши шумори моҳиҳо дар обанборҳои сунъиву табиии вилояти Лепаби Туркманистон моҳигириро ба муҳлати панҷ сол манъ кардаанд. Ин гуна қарор дар минтақаҳои дигари Туркманистон низ қабул шудааст.

Бахши хусусии моҳидорӣ дар Туркманистон хеле рушд кардааст. Ин кишвар дар соҳили баҳри Хазар ҷойгир буда, бештари обанборҳои Ому ва рӯдхонаи Қароқум дар ҳудуди он ҷойгиранд. Ба ҷуз рӯдхонаву кӯлҳо Туркманистон чанд обанбори сунъӣ низ дорад.

Солҳои ахир дар пайи мушкилиҳои иқтисодӣ ва бекорӣ моҳигирӣ ба манбаи асосии даромади сокинони Туркманистон табдил ёфтааст. Вале имкониятҳо барои рушди моҳидории хусусӣ хеле каманд ва ҳукумати Туркманистон низ дар ин замина пайваста маҳдудият ҷорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG