Дар ин бора Нургалӣ Билисбеков, раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон имрӯз дар як ҷаласаи порлумонии он кишвар хабар дод.
Ба гуфтаи вай, миёни қазоқистониҳои мазкур занҳо ҳам ҳастанд.
"Занҳо асосан аз паси шавҳарҳояшон ба он ҷо мераванд. Аммо занҳое ҳам ҳастанд, ки дар Қазоқистон парвандаи ҷиноӣ доштанд. Дар сурати ба ватан баргаштанашон мо онҳоро ба ҷавобгарӣ ҷалб мекунем", - гуфт муовини раис.
Ба иттилои вай, "бо назардошти вазъ дар минтақаҳои ҷангии Сурия, Ироқ, Афғонистон ва минтақа" барои Қазоқистон хатарҳои мушаххасе мавҷуд аст.
"Мутаассифона, мо дар меҳвари манфиатҳои созмонҳои байналхалқии террористӣ қарор дорем. Дар ин бора боздошти гуруҳе шаҳодат медиҳад, ки ибтидои моҳи январ дар Алмато ифшо шуд. Ба онҳо амалан аз хориҷ дастур медоданд, ки дар ҳудуди Қазоқистон чи амалҳоеро анҷом диҳанд. Ҳадафашон фаҳмо - барҳам задани оромӣ ва ташкили бетартибӣ", - гуфт Билисбеков.
Пештар аз ин мақомоти Қазоқистон дар бораи аз Сурия берун овардани 47 қазоқистонӣ хабар дода буданд.