Ссылки доступа

150 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурияву Ироқ баргардондаанд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Дар Бишкек аз боқимондаҳои ғизо газ истихроҷ мекунанд (видео)

- Вазорат гуфт, бе иҷоза ба "маршировка" наравед. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо судури як қарор ба ректорони ҳамаи донишгоҳҳо ва мактабҳои олии кишвар дастур додааст, ки минбаъд бидуни иҷозаи вазорат донишҷӯёнро ба чорабиниҳои фарҳангӣ, фароғатӣ ва cиёсӣ ҷалб накунанд (видео)

- 150 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурияву Ироқ баргардондаанд. Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 29-уми январ дар бораи кори яксолаи ин ниҳод суҳбат кард ва гуфт, мақомот то соли 2018 150 зану кудаки тоҷикро аз манотиқи ҷангзадаи Ховари Миёна баргардондаанд (видео)

- "Дадам кай меояд?". Нилуфар дар интизори падари бенишон (видео)

- Нахустин мусоҳибаи Шӯҳрат Улфатов баъди шунидани хабари марги оилааш. Шӯҳрат Улфатов дар нахустин мусоҳибааш баъди шунидани хабари даргузашти ҳамсар ва се фарзандаш дар фоҷеаи Магнитогорск гуфт, "ҳамаро аз худо ва сарнавишт мебинад" ва ба тақдир тан додааст (видео)

- "Одамон як тараф меистоданд, фарёд мекарданд: "Сиёҳпӯст меояд!" Сиёҳпӯсти қирғиз дар Қирғизистон чи рӯзгоре дорад (видеои Настоящее время)

- Дар Қазоқистон сатҳи хушунат миёни хонандагон боло рафт (видеои Настоящее время)

- Арзонии картошка ба деҳқонон зиён овард​ (видео аз Директ)

- Назорати нафти Венесуэларо кӣ дар ихтиёр гирифт? (видеои Настоящее время)

- Чаро ИМА таҳримҳои зидди ширкатҳои Дерипаскаро бекор кард (видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG