Ссылки доступа

Тоҷикистону Афғонистон "интиқол ёфтани ҷангҷӯёни ДИ" ба марзҳои худро рад карданд


Душанбе и Кабул отрицают перебороску боевиков "ИГ" на афгано-таджикскую границу
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:46 0:00

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, дар марзи кишвар бо Афғонистон "ягон ҷангҷӯи гуруҳи "Давлати исломӣ" (ДИ) қарор надорад ва миёни дидбонгоҳҳои марзии ду кишвар ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст ва агар таҳдиде мебуд, пеш аз ҳама ҷониби Душанбе огаҳ мешуд".

"Вақте ҷангҷӯёни ДИ ба хатти марзи ду кишвар наздик шаванд, мо огаҳ хоҳем шуд. Дар ҳоли ҳозир дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ягон узви ДИ дида нашудааст. Дар марз нирӯи кофӣ мавҷуд аст ва барои сафарбар кардани нирӯ ва техникаи иловагӣ ниёзе нест. Дар хатти дувум нирӯҳои Вазорати мудофиаи кишвар низ қарор доранд", - гуфт Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Раёсати марзбонии Тоҷикистон дар суҳбат бо Настояшее Время.

Манобеъ дар Афғонистон ҳам иттилои интиқоли ҷангҷӯёни ДИ-ро ба марзи ин кишвар бо Тоҷикистон тасдиқ накарданд.

Муовини вазири умури дохилии Русия Игор Зубов 28 январ дар ҷаласаи мушовараи ҷамъбастии Вазорати умури дохилии кишвараш дар Тотористон изҳор дошт, ки ҷангҷӯёни ДИ "ба таври густарда бо чархболҳои ношинос аз Покистон ба марзҳои Тоҷикистон интиқол меёбанд".

"Дар Кундуз соли гузашта овозаҳое буд, ки гӯиё дар марзи Тоҷикистон мухолифони мусаллаҳи ҳукумати Афғонистон ҷамъ шудаанд. Ҳамчунин мегуфтанд, ки дар миёни онҳо мухолифони мусаллаҳи ҳукумати Тоҷикистон низ ҳастанд. Дар ҳоли ҳозир онҳо дар минтақаи Дарқад, дар вилояти Тахор ҳанӯз ҳам қарор доранд. Вале дар бораи интиқоли ҷангҷӯёни ДИ бо чархбол аз Покистон ба минтақаҳои марзӣ мо чизе нашунидаем. Тақвияти ДИ дар шимоли Афғонистон мушоҳида нашудааст ва мақомоти расмӣ низ инро тасдиқ намекунанд. Дар онҷо Толибон ҳузур доранд", - мегӯяд хабарнигори Бахши афғонии Радиои Озодӣ Аҷмал Ориён.

XS
SM
MD
LG