Ссылки доступа

ИМА ба марзбонони Тоҷикистон $3,8 млн кумак кард


Сафорати ИМА дар Душанбе ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ҳаҷми 3,8 миллион доллар, таҳҷизоти амниятӣ кумак кард. Ба огаҳии сафорат, ин таҷҳизот субҳи 29 январ ба мақомоти тоҷик тақдим шуд.

Дар маросими тақдими таҷҳизот Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Кевин Коверт, Кордори сафорати ИМА дар Душанбе иштирок доштанд.

Манбаъ мегӯяд, ки таҷҳизоти сенсории назорати заминӣ барои тақвият додани иқтидори нерӯҳои барои назорати доимии қисмҳои марзие, ки таввассути посдории маъмулӣ имконнопазиранд, мусоидат хоҳад намуд. Ин усули назорати марзҳо барои фарогирии мунтазами қитъаҳои сарҳадии дастнорас ва дорои шароити мураккаб, мувофиқ аст.

Амрико давоми 27 соли ахир ба Тоҷикистон 1,8 млрд доллар кумак кардааст. Давлати Амрико дар бунёду бозсозии дидбонгоҳҳои марзӣ дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон саҳм гирифта ва ба нерӯҳои низомӣ таҷҳизоти фаннӣ, техника ва воситаҳои нақлиёт додааст. Ба гуфтаи масъулони Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, дар чанд соли ахир Амрико барои сохтмону таъмири дидбонгоҳҳо ва омӯзиши афсарони марзбон миллионҳо доллар харҷ кардааст.

Душанбеву Вашингтон дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои амниятию низомӣ аз чанд сол ба ин тараф барномаҳои “Мубориза бо терроризм”, “Маблағгузории низомии хориҷӣ”, “Таҳсилот ва бозомӯзии байналмилалии низомӣ”, “Ҳамкорӣ барои сулҳ” ва ғайраро пиёда мекунанд.

XS
SM
MD
LG