Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон мошини ронандаҳои "қарздор"-ро ба ҳабс мегиранд


Нозирони роҳи шаҳри Тошканд сар аз 30 январ дар якҷоягӣ бо намояндагони Бюрои иҷрои иҷбории ин кишвар мошини ронандаҳоеро ба ҳабс хоҳанд гирифт, ки дар муҳлати муайяншуда ҷаримаи нақзи қоидаҳои ҳаракатро насупоридаанд.

Ин иқдом дар асоси банди 291 (Тартиби боз доштан ва санҷиши воситаҳои нақлиёт)-и Кодекси маъмурии Ӯзбекистон гирифта мешавад.

Идораи умури дохилии Тошканд моҳи июли соли 2018 тартиби нави ҷаримаи ронандагонро барои нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҷорӣ карда буд.

Қоидаи нав мусодираи шаҳодатнома ё парвонаи ронандагиро аз сӯи нозирони роҳ манъ мекунад. Ба ҷои он, ронанда барои нақзи қоидаи ҳаракат дар роҳ ҷарима шуда, ба шакли хаттӣ тавассути почта огаҳ карда мешавад.

Бар пояи қоидаи нав, маълумот дар бораи ронандаҳое, ки давоми 15 рӯз ҷаримаро насупоридаанд, ба Бюрои иҷрои иҷбории назди Додситонии кулли Ӯзбекистон барои чораандешӣ фиристода хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG