Ссылки доступа

Қазоқистон ҳаракати автобусҳояшро дар масири "Бишкек-Тошканд" талаб дорад


Қазоқистон ҳаракати транзитии автобусҳои масири "Бишкек - Тошканд"-ро ба воситаи қаламрави худ манъ кард. Дар ин бора расонаҳо бо истинод ба ширкати қирғизии "Транс-Союз-Азия" иттилоъ доданд.

Дар Вазорати нақлиёти Қирғизистон низ тасдиқ карданд, ки ҷониби Қазоқистон ба автобусҳои масири "Бишкек - Тошканд" роҳ намедиҳад.

Ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, ширкатҳои мусофирбар моҳи декабри соли 2018 бо дархости мусофирон ҷадвали ҳаракатро тағйир доданд. Вале ҷониби Қазоқистон онҳоро огаҳ кардааст, ки бидуни мувофиқа бо онҳо ин кор ғайриқонунӣ аст. Ширкатҳо тамоми санадҳои заруриро ҷамъоварӣ карда, ба мақомоти Қазоқистон пешниҳод карданд, вале то ҳол посухе дарёфт нашудааст.

Бино ба хабарҳо, Кумитаи нақлиёти Қазоқистон пешниҳод кардааст, ки автобусҳои ин кишвар низ дар масири "Бишкек - Тошканд" хидмат расонад. Манбаи мо дар Вазорати нақлиёти Қирғизистон ин хабарро тасдиқ кард. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло гуфтугӯҳо идома доранд.

Масъулони Хадамоти матбуотии Вазорати нақлиёти Қирғизистон хабарро на такзиб ва на тасдиқ карданд.

Қирғизистону Ӯзбекистон моҳи майи соли 2018, дар пайи гуфтугӯҳои байниҳукуматӣ ҳаракати автобусҳоро дар масири "Бишкек - Тошканд" ба роҳ монданд. Дар ин масир автобусҳои ширкати ӯзбекии "Mironshox Grand Trans" ва "Транс Союз-Азия"-и қирғизӣ хидмат мерасонанд.

XS
SM
MD
LG