Ссылки доступа

Дар Қирғизистон ба онҳое мукофот медиҳанд, ки дар барои фасодкорӣ хабар мерасонанд


Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон Қонун "Дар бораи ҳифзи афроде, ки аз фасодкорӣ хабар додаанд"-ро имзо кард.

Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, қонуни мазкур 20 декабри соли 2018 аз сӯи порлумон қабул шуд. Ин қонун барои "ҳифзи ҳуқуқ, озодии шаҳрвандон ва таъмини амнияти касоне равона шудааст, ки дар бораи фасодкориҳо хабар медиҳанд".

Дар қонуни мазкур омадааст, ба касоне, ки дар бораи қонуншиканиҳои марбут ба фасодкорӣ хабар медиҳанд, мукофот дода мешавад.

Ин дар ҳолест, ки як сол пештар президенти вақти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев лоиҳаи қонуни мазкурро ба далели камбудиҳояш дубора ба порлумон баргардонида буд.

XS
SM
MD
LG