Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон кормандони корхонаи қаннодӣ барои надонистани суруди миллӣ барканор мешаванд


Кормандони корхонаи қаннодии "Crafers"-и шаҳри Тошканд аз Конститутсия ва таърихи Ӯзбекистон имтиҳон гирифта шуданд. Ба гуфтаи кормандони "Crafers", ба онҳое, ки дар имтиҳон ноком шуданд, ихроҷшавӣ таҳдид мекунад.

Ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, дар санҷиши мазкур ба ҳар корманд 15 суол дар бораи Конститутсия, суруди миллӣ ва парчами Ӯзбекистон дода шудааст.

"Танҳо 1-2 суол дар бораи корамон пурсиданд, ки хеле хандаовар буд. Барои намуна, "чанд дона шакалод як кило мешавад ё дар як қуттӣ чандона шакалод ҳаст?" Ҳамчунин мепурсиданд, ки Конститутсия, суруди миллӣ ва парчами Ӯзбекистон кай қабул шудаанд", - гуфт як корманди "Crafers"

Ба кормандоне, ки дар имтиҳон комёб шуданд, гуфтаанд, ки дар ҷои кори худ хоҳанд монд ва онҳое, ки ноком гаштанд, барканор хоҳанд шуд. "Ҷамъан аз 700 корманд имтиҳон гирифтанд. Гуфтанд, ки нимашонро ихроҷ мекунанд. Акнун барои дар корхонаи қаннодӣ кор кардан дар факултети таърих бояд таҳсил кард", - изҳор дошт як корманди дигари "Crafers".

Намояндаи корхонаи қаннодии мазкур санҷиши дониши кормандони худро тасдиқ, вале аз шарҳи он худдорӣ кард.

Яке аз кормандони корхона мегӯяд, беҳтар буд, раҳбарони "Crafers" худ Конститутсияи Ӯзбекистонро хуб меомӯхтанд. "Агар онҳо Қонуни асосиро медонистанд, онро риоя мекарданд. Онҳо моро маҷбур мекунанд, дар як рӯз бар ивази 900 ҳазор сӯм (каме бештар аз 100 доллар) 12 соат кор кунем, ки хилофи кодекси меҳнат аст ", - афзуд ӯ.

Ёдрас мешавем, кормандони "Crafers" моҳи гузашта шикоят карданд, ки онҳоро маҷбур мекунанд, аз соати кории муайяншуда бештар кор кунанд. Ба гуфтаи масъулони Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон, корхонаи "Crafers" узви иттифоқи касаба нест ва бинобар ин, ҳифзи ҳуқуқи кормандони он маҳдуд аст.

Корхонаи қаннодии "Амилова", ки дертар ба "Crafers" табдили ном кард, 5 октябри соли 2018 дар шаҳри Тошканд боз шуд. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки 26 октябри соли гузашта аз он дидан кард, ташкили 850 ҷои нави кориро ситоиш намуда буд.

XS
SM
MD
LG