Ссылки доступа

Левада-сентр: Русия роҳи нодурустро пеш гирифтааст


Бино ба як пажӯҳиши "Левада-сентр", тақрибан ними русиягиҳо бар ин назаранд, ки кишварашон роҳи нодурустеро пеш гирифтааст. Пажӯҳишгарони созмон мегӯянд, ин бузургтарин нишондод дар таърихи назарпурсиҳои онҳост.

42%-и русиягиҳо аз самти пешгирифтаи давлати худ ҷонибдорӣ карда, 45% гуфтаанд, ки бо он розӣ нестанд. Ҳамин тариқ дар таърихи 12 соли баргузории назарпурсиҳои "Левада-сентр" бори нахуст аст, ки бештари шаҳрвандони Русия мегӯянд, давлат роҳи нодурустро пеш гирифтааст.

Дар пажӯҳиш, ки 31 январ нашр гашт, сатҳи маҳбубияти ҳукумат ва сарвазири Русия Дмитрий Медведев оварда шудааст. Аз онҳо ҳудуди сеяки сокинони Русия ҷонибдорӣ карда, боқии шаҳрвандон гуфтаанд, ки бо сиёсатҳои онҳо розӣ нестанд. 64% фаъолияти порлумони Русияро ҷонибдорӣ накарданд.

Фаъолияти президенти Русия Владимир Путинро аз се ду қисми русиягиҳо ҷонибдорӣ карда, боқӣ зидди сиёсатҳои ӯ баромадаанд.

Маркази омӯзиши афкори умуми Русия моҳи январ раддабандии боварӣ ба сиёсатмадорони русро нашр кард. Дар он сатҳи боварии мардум ба Путин ба ҳадди поини таърихӣ расида буд.

XS
SM
MD
LG