Ссылки доступа

Дар Қирғизистон Академияи "Манас" ва Айтматов таъсис мешавад


Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон фармон дар бораи таъсиси Академияи миллии "Манас" ва Чингиз Айтматовро имзо кард.

Ҳадафи академия ҳифз ва паҳнсозӣ, таҳқиқи амиқи ҳамосаи "Манас", дар маҷмуъ фарҳанги ҳамосаи қирғизӣ, мероси бадеӣ, инсондӯстӣ, фалсафӣ-ахлоқии нависандаи Қирғизистон Чингиз Айтматов унвон шудааст.

Ба Академия тавсия шудааст, ки ба таҳқиқ, паҳнсозӣ ва маъруфгардонии арзишҳои ҳамосаи "Манас", инчунин мероси эҷодии Чингиз Айтматов кумак кунад.

Ҷеенбеков рӯзи 12 декабр дар маҷлиси тантанавии бахшида ба 90-солагии Айтматов дар шаҳри Бишкек пешниҳоди таъсиси чунин академияро карда буд.

Ҳамосаи "Манас" шомили рӯйхати мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва инчунин ба ҳайси калонтарин ҳамосаи ҷаҳонӣ вориди Китоби рекордҳои Гиннес гардидааст.

Ба иттилои ЮНЕСКО, Чингиз Айтматов яке аз серхонандатарин нависандагони муосир аст. Осори вай ба бештар аз 176 забон ва дар 128 кишвари дунё ба теъдоди бештар аз 100 миллион нусха нашр шудааст.

XS
SM
MD
LG