Ссылки доступа

Global Finance: Тоҷикистону Қазоқистон - амнтарин кишварҳои Осиёи Марказӣ


Маҷаллаи бритониёии Global Finance дар як раддабандӣ Тоҷикистонро баъди Қазоқистон кишвари амни Осиёи Марказӣ донистааст. Дар ин раддабандӣ Тоҷикистон аз нигоҳи таҳдидҳои амниятӣ ва хатарҳои табиӣ дар ҷойи 68-ум аст, ки дар муқоиса ба соли гузашта шаш зина беҳтар аст.

Се кишвари дигари Осиёи Марказӣ - Қирғизистону Ӯзбекистон ва Туркманистон дар зинаҳои поинтар омадаанд.

Ричард Шолдз, мудири бахши Осиё ва Аврупо дар маҷаллаи бритониёии Global Finance рӯзи 31-уми январ гуфт, ин раддабандӣ бар асоси омӯзишҳои ҳамаҷониба таҳия шудааст ва се омил дар ин таҳқиқ ба назар гирифта шудааст.

"Агар хулоса кунем, мо бо назардошти се омил: ҷанг ва сулҳ, амнияти хусусӣ ва хатари фалокатҳои табиӣ нишондоди амниятии кишварҳоро ба назар мегирем. Шохиси амният бар асоси ҳамин се хатар таҳия мешавад ва манзараи фарогири амниятии ҳар кишварро нишон медиҳад. Хатари зиёди як омил дар умум наметавонад ба баҳои умумии кишвар таъсир гузорад", -- афзуд ӯ.

Маҷаллаи бритониёии Global Finance Озарбойҷон (ҷойи 71), Эрон (77), Чин (81), Бразилия (84), Қирғизистон (89), Исроил (92), Ҳиндустон (106), Туркия (107) ва Русияву Украинаро дар раддаҳои поинтар ҷо кардааст. Амнтарин кишвари дунё Исландия ва ноамнтарин кишвар Филиппин шумурда шудаанд.

Аммо Global Finance ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар ҳоле чанд зина боло зикр кардааст, ки Департаменти давлатии Амрико дар тобистони имсол мақоми Тоҷикистонро аз ҷиҳати амният барои сайёҳон як зина поин овард.

Ин ниҳод, ки масъули равобити хориҷии ин кишвар бо давлатҳои дунё аст, Тоҷикистонро аз нигоҳи амнияти сайёҳон ба шумори кишварҳое шомил кард, ки шаҳрвандонаш ҳангоми сафар ба ин кишварҳо "ниҳоят эҳтиёт кунанд". Аз кишварҳои пасошӯравӣ дар ин радда танҳо Украина айни замон шомил аст.

Коршиносон мегӯянд, ин раддабандӣ ба он маъно нест, ки Тоҷикистон комилан ба як кишвари бехатар табдил ёфтааст, балки чанд зина аз нигоҳи ин созмон ҷойгоҳаш беҳтар нишон дода шудааст. Назрулло Тоҳирбеков, коршиноси масоили сайёҳӣ дар Тоҷикистон, гуфт, боло рафтани ҷойгоҳи кишвар дар чунин раддабандиҳо ба сафари бештари хориҷиён мусоидат мекунад.

Ба қавли ӯ, ширкатҳои сайёҳӣ аксаран аз чунин раддабандиҳо барои тавсеаи саёҳат ба кишварҳо истифода мекунанд. Ин коршинос мегӯяд, ҳифзи амният дар паҳлӯи кишвари ноамне мисли Афғонистон кори содда нест.

XS
SM
MD
LG