Ссылки доступа

Додгоҳи Алмато 17 корманди гумруки Қазоқистонро бо айби фасодкорӣ зиндонӣ кард


Додгоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон 17 корманди гузаргоҳи сарҳадии наздик ба марзи Чинро бо айби фасодкорӣ зиндонӣ кард.

Ба иттилои расонаҳои расмӣ, "айбдоршавандаҳо иттиҳоми эълоншударо эътироф намекунанд". Додгоҳ онҳоро ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ кардааст. Ҳукми кормандони гузаргоҳи сарҳадӣ рӯзи панҷшанбе эълон шудааст.

Мақомоти амниятии Қазоқистон хабар медиҳанд, ки моҳи феврали соли 2018 дар як амалиёти пешгирӣ аз фасодкорӣ дар гузаргоҳҳои вилояти Алмато, бештар аз 116 ҳазор доллар ва наздики 4 миллион танга мусодира шудааст.

XS
SM
MD
LG