Ссылки доступа

Дар Қирғизистон тасмим доранд, пули истифодаи обро аз "Қумтор" рӯёнанд


Қирғизистон тасмим дорад, бо тағйир додани қонунҳои ин кишвар дар бораи захоири обӣ ширкати "Қумтор Голд"-ро маҷбур ба пардохти қимати об кунад.

Ҳукумати ин кишвар пешниҳод дорад, ки дар Кодекси об ва Қонун "Дар бораи об" тағйир ворид ва ба ин тартиб аз истифодаи об дар бахши тиҷорӣ маблағ ситонида шавад.

Муовини вазири кишоварзии Қирғизистон Жанибек Карималиев гуфт, ки маблағҳои ҷамъоваришуда ба буҷаи кишвар ворид хоханд гашт.

Муовини мудири ширкати "Қирғизолтин" Жумадил уулу Мурадил гуфт, дар сурати қабул шудани чунин қонун, ширкати "Қумтор Голд" маҷбур мешавад, ки барои истифодаи оби кӯли Петров маблағ пардохт кунад.

Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, ширкати "Қумтор Голд" дар соли 2015 бо ҳадафҳои саноатӣ ва ҳадафҳои дигар 5 млн 542 метри мукааб оби кӯли Петровро истифода кардааст.

Ба гуфтаи мақомоти Қирғизистон, дар ҳоли ҳозир об дар он кишвар ройгон аст. Танҳо барои расонидани он ба истифодабарандагон маблағ гирифта мешавад. Дар сурати тағйири қонун, онҳое ки обро бо ҳадафҳои тиҷорӣ истифода мекунанд, ҳам барои расонидани он ва ҳам барои арзиши худи об пул хоҳанд дод.

Қумтор калонтарин кони тилои Қирғизистон аст. Ширкати канадагии "Сентерра" дар он кон ба истихроҷи тило машғул аст. Қирғизистон танҳо 26,6% саҳмияи ширкатро дар ихтиёр дорад.

XS
SM
MD
LG