Ссылки доступа

Кабо-Верд 11 маллоҳи русро бо 9,5 тонна кокаин боздошт кард


Додгоҳи Кабо-Верд 11 маллоҳи русеро ба ҳабс гирифт, ки бо 9,5 тонна кокаин дар бандари Прая боздошт шуданд.

Сафорати Русия дар Кабо-Верд хабар дод, ки маллоҳон дар зиндони шаҳри Прая нигаҳдорӣ мешаванд. То ҳол зидди онҳо ягон айб эълом нашудааст, вале дар қочоқи маводи мухаддир гумонбаранд.​

Мақомоти Кабо-Верд 31 январ 11 маллоҳи русро боздошт карданд. Онҳо дар киштие зери парчами Панама аз Амрикои Ҷанубӣ ба Мағриб ҳаракат мекарданд. Маллоҳон ба далели марги яке аз аъзои экипаж маҷбур шуданд, 31 январ дар бандари Прая биистанд. Сабаби марги маллоҳ маълум нест.

Пулис, ки барои қайди ҳалокати маллоҳ рафта буд, дар киштӣ кокаинҳоро ошкор кард. Аз киштӣ 260 баста кокаин (9 570 кило) дар шакли хишт дарёфт ва мусодира шуд.

Бино ба иттилои Maritime bulletin, пештар киштӣ ба ширкати туркие тааллуқ дошт, вале 6 ноябри соли 2018 онро Ecolive de Panama харидааст.

XS
SM
MD
LG