Ссылки доступа

Издивоҷи тоҷикистониён бо шаҳрвандони Қирғизистон афзудааст


Соли гузашта беш аз 200 сокини Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷӣ, асосан сокинони Қирғизистон ақди никоҳ бастаанд. Мақомот мегӯянд, ин рақам дар муқоиса ба соли 2017 дастикам сӣ дарсад бештар аст.

Ифтихор Самадзода, муовини сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия, охири ҳафтаи гузашта гуфт, соли гузашта беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон бо сокинони Қирғизистон оила барпо карданд. Ба гуфти ӯ, "тоҷикон дар навбати дувум ба шаҳрвандони Ӯзбекистону Русия бартарӣ додаанд".

Як манбаи огоҳ дар ниҳодҳои расмии Тоҷикистон гуфт, 95 ҳолати издивоҷи тоҷикон бо қирғизҳо дар ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ), маҳалли иқомати қирғизтаборон сурат гирифтааст. "Баъзеи онҳо мехоҳанд, ба кишвари бобоии худ бираванд ва издивоҷ бо шаҳрвандони Қирғизистонро василаи хубе барои кӯчидан ба он ҷо медонанд", - афзуд мусоҳиби мо.

Ҳамрозхони 21-сола аз деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара низ тобистони соли гузашта бо як шаҳвранди Қирғизистон издивоҷ кард. Домод аз шаҳри Бишкек аст ва қаблан духтари тоҷикро дар хонаи яке аз дӯстонаш дидааст.

Пайвандони Ҳамрозхон гуфтанд, ҳоло ин ҷуфт дар Қирғизистон зиндагӣ доранд, вале домод барои арӯси тоҷикаш дар Исфара хона месозад, то талаби қонунҳои Тоҷикистонро ба ҷо орад.

Барои издивоҷи мардони тоҷик бо занону духтарони хориҷӣ маҳдудият нест. Аммо Тоҷикистон соли 2011 Кодекси оиларо тағйир дод ва бар асоси он, танҳо шаҳрванди хориҷие метавонад бо зану духтари тоҷик издивоҷ кунанд, ки на кам аз як сол дар қаламрави кишвар зистааст. Инчунин, пеш аз издивоҷ бояд ба ҳамсари тоҷики худ манзили зист бихарад ва шартномаи никоҳро имзо кунад.

Мақомот мегӯянд, тағйирот бо ҳадафи ҳимояти бештар аз ҳуқуқи занони тоҷик нигаронда шудааст, то баъди азҳампошии хонавода дарбадар нашаванд. Ду сол пеш СММ низ ба Тоҷикистон тавсия дода буд, ки тағйироти воридшуда ба Кодекси оиларо, ки ҳаққи издивоҷ бо хориҷиҳоро маҳдуд мекунад, бозбинӣ намояд.

XS
SM
MD
LG