"Дар ҷараёни як амалиёти вижа рӯзи 31 январ дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон 73 шаҳрванди Чин ва 137 шаҳрванди Ӯзбекистон боздошт шуданд", - хабар медиҳад вазорати корҳои дохилии Қазоқистон.
Ба иттилои вазорат, шаҳрвандони Чин бо ҳавопаймо вориди Қазоқистон шуда ва дар ҳудуди ин кишвар боқӣ мондаанд. Айни ҳол масъалаи ихроҷи онҳо баррасӣ мешавад.
Ин муҳоҷирати ғайриқонуниро ду шаҳрванди Чин ва як шаҳрванди Қазоқистон ташкил кардаанд. Гумонбарон боздошт ва нисбаташон тафтишот шуруъ шудааст.