Ссылки доступа

Дар натиҷаи як сӯхтор дар Остона 5 кӯдак ҷон бохтанд


Дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон дар натиҷаи сӯхтани як манзили зисти муваққатӣ панҷ кӯдак ҷон бохтанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон 4 ферал иттилоъ дод.

Сӯхтор шаби якшанбе ба душанбе дар бинои зисти муваққатӣ, воқеъ дар кӯчаи Чингизтауи ноҳияи Сариарқа рух додааст. Дар натиҷаи сӯхтор сақфи бино фурӯ рехтааст. Ба огаҳии кумита, сӯхтор тақрибан пас аз як соат хомӯш карда шуд.

Кормандони оташнишонӣ дар маҳалли сӯхтор ҷасади панҷ кӯдакро пайдо карданд, ки аз 1 то 13 сол доранд. Кӯдакон дар хона танҳо будаанд.

XS
SM
MD
LG