Ссылки доступа

"Гунбади Ёқут" сар мекашад. Дар ҷои бозори Шоҳмансур


Як ширкати хусусӣ дар Тоҷикистон тасмим гирифтааст, биноеро дар Душанбе бунёд кунад, ки баландтарин дар шаҳр мешавад. Ҳоло баландтарин бинои пойтахт “Душанбе плаза” аст, ки 20 табақа ва 92 метр баландӣ дорад.

Зайд Саидов, молики ширкате, ки ин биноро сохт, бо гуноҳи тақаллуби молӣ ва дигар ҷиноятҳои вазнин ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудааст, ҳарчанд худаш ин иддаоҳоро рад кардааст.

Фармоишгари тарҳи “Гунбади Ёқут” ширкати “Ёқут-2000” аст, ки корхонаи дӯзандагӣ, тарабхона ва корхонаи истеҳсоли семент дар Ваҳдатро дар ихтиёр дорад.

Тарҳи бинои “Гунбади Ёқут” -ро ширкати меъмории “Harmony art” аз шаҳри Шарҷаи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ офаридааст. Қарор аст, бино дар ҷойи бозори “Шоҳмансур” дар яке аз гӯшаҳои марзказии Душанбе сохта шавад.

Ширкат барои сохтмон иҷозати мақомотро дарёфт кардааст. Мақомоти ширкат нагуфтаанд, ки сохтмон кай шуруъ мешавад ва чанд сол идома мекунад.

Абдулғанӣ ал– Саид як масъули ширкати тарроҳии “Harmony art” рӯзи 30-уми январ гуфт: “Ду қабати авввали бино барои идораву утоқҳои тиҷоратӣ пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи аввал ҳамчунин шифохона ва боғчаи кӯдакон ҷойгир мешавад. 24 ошёнаи боқимонда хонаҳои истиқоматӣ ҳастанд.”

Ба гуфтаи тарроҳон, дар таҳияи тарҳи “Гунбади Ёқут” аз лоиҳаи маъруфе мисли “Dubai gate” ва иморатҳое мушобеҳ ба он илҳом гирифтаанд. Шаҳри Душанбе дар чанд соли охир симои худро хеле дигар кард. Асосан дар канори ду хиёбони асосии шаҳр Рӯдакӣ ва Айнӣ биноҳои баландошиёна қомат афрохтанд.

Коршиносон мегӯянд, сохту сози Душанбе бояд бар тибқи барномаи муайян ва бо назардошти ниёзҳои ояндаи сокинон пеш равад, на пароканда ва ё бо хости ширкатҳо.

Назари сокинони Душанбе ба тахриби биноҳои сохти шӯравӣ ва сохтмони биноҳои наву баландошёна дар ҷойи онҳо яксон нест. Дар ин миёна тахриби бинои театри Маяковский дар маркази Душанбе дар соли 2016 вокунишҳои сокинон ва аҳли ҳунарро ба бор овард ва ҳамагӣ аз мақомот тақозо доштанд, биноро вайрон накунанд. Аммо садояшон ба ҷое нарасид.

Нақшаи кулли шаҳри Душанбе дар даврони Шӯравӣ ҳанӯз соли 1983 таҳия шудааст, вале баъдан онро бознигарӣ карда ва такмил доданд. Ин нақшаи куллӣ барои 750 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ шуда буд. Аммо тайи солҳои охир кӯчидани аҳолии деҳот ба пойтахт зиёд ба чашм мерасад ва ҳоло шумораи аҳолии шаҳри Душанбе расман аз 800 ҳазор аст, вале ба ҳисобҳои ғайрирасмӣ, ҳатто аз марзи 1 миллион нафар убур кардааст.

XS
SM
MD
LG