Ссылки доступа

Ачилбой Раматов - аз мухолифони таъсиси вазорати нақлиёти Ӯзбекистон - мехоҳад, вазир шавад


Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо судури як фармон муовини аввали сарвазири ин кишвар Очилбой Раматовро вазири нақлиёт таъйин кардааст.

Раматов охирҳои моҳи декабр муовини аввали сарвазири Ӯзбекистон таъйин шуда буд. Дар фармони Мирзиёев аз моҳи ноябри соли 2018 омадааст, ки ба комиссияи ҳукуматӣ ба раҳбарии сарвазир Абдулло Орипов дастур дода шуд, то 15 январи соли 2019 пешниҳоди худ дар бораи таъсиси Вазири нақлиёти Ӯзбекистонро ироа кунад.

Як мансабдори огаҳ аз раванди мазкур гуфт, дар робита ба иҷрои фармони Мирзиёев то имрӯз ҷаласаҳои зиёде баргузор ва сохтори Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон таҳия карда шудааст, вале монополистҳо дар бахши нақлиёт то лаҳзаи охирин талош карданд, ки ба иҷрои пешниҳодҳо монеа эҷод кунанд.

"Роҳи оҳани Ӯзбекистон", "Ширкати ҳавоии Ӯзбекистон", Кумитаи нақлиёти заминӣ ва дарёӣ, "Ӯзавтодор" ба ғорати буҷа машғуланд. Табиист, ки онҳо намехоҳанд барҳам ва дар як вазорат муттаҳид карда шаванд. Раматов хеле талош кард, ки ин нақша амалӣ шавад. Аммо талошҳояшон ба кор нарафтанд. Акнун талош дорад, ки вазири нақлиёт шавад. Вай бо Мирзиёев муносибати хуб дорад", - гуфт як мансабдори давлатӣ.

"Чунин коре танҳо дар Ӯзбекистон вуҷуд дорад. Муовини аввали сарвазир лоиҳаи фармони президентро дар бораи таъсиси вазорати нақлиёт таҳия ва худро вазир таъйин хоҳад кард. Ман дарк мекунам, ки Раматов инро бо иҷозаи Мирзиёев кардааст, аммо ман намефаҳмам, ки чаро Мирзиёев чунин кореро иҷоза додааст", - гуфт мансабдор.

Дар ҳоли ҳозир дақиқ нест, ки Мирзиёев фармон дар бораи таъсиси вазорати нақлиётро имзо мекунад ё на.

XS
SM
MD
LG