Ссылки доступа

Сарояндаи тоҷик барои таҷлили зодрӯзаш дар иҳотаи дӯстон 5000 сомонӣ ҷарима шуд


Додгоҳи шаҳри Душанбе сарояндаи тоҷик Фирӯза Ҳафизоваро барои он ки ҳамкасбони худро ба ҷашни зодрӯзаш даъват кардааст, 5 ҳазор сомонӣ ҷарима баст. Дар ин бора телевизиони Тоҷикистон хабар дод.

Видеои ҷашни зодрӯзи сароянда нахуст дар интернет нашр шуда, сипас онро телевизиони Тоҷикистон намоиш дод.

Бар асоси банди 8-и қонуни танзими анъана, ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон, шаҳрвандон метавонанд зодрӯзи худро танҳо дар доираи оила ва бидуни даъвати дӯстону сарояндаҳо ҷашн гиранд.

Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон 10 соли қабл таҳия ва мавриди иҷро қарор гирифта буд. Тобистони соли 2017 бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба чанд банди он, масъулият ва ҷазо барои риоят накардани талаботи қонун сахтар карда шуд.

Аз ҷумла, иловаҳои нав маъракаи азои мардумро ба танзим дароварда, бар асоси он забҳи чорво манъ аст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки қонуни танзими маросими миллӣ дар даҳ соли гузашта миллиардҳо сомонии мардумро сарфа карда ва якуним миллион чорворо аз забҳ шудан раҳондааст.

XS
SM
MD
LG