Ссылки доступа

Сафири Русия гуфт, назараш дар бораи андоз дар Тоҷикистон дигар нашудааст (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Панҷ кӯдак дар оташсӯзӣ кушта шуданд. Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар оташсӯзии як манзили хусусӣ панҷ кӯдак кушта шуд. Калонтарини онҳо 12 сол дошт ва хурдтаринашон соли 2018 таваллуд шуда буд (видео)

- Сафири Русия гуфт, назараш дар бораи андоз дар Тоҷикистон дигар нашудааст. Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, хуруҷи Амрико аз созишномаи маҳви мушакҳои дурпарвоз "иштибоҳ" аст. Фролов дар як сӯҳбат гуфт, даст кашидани Амрико аз ин созишнома ба вазъи амният дар тамоми ҷаҳон таъсири ҷиддӣ дорад (видео)

- Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, Зайд Саидовро озод намекунанд. Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, бо вуҷуди тавсияи Созмони Милали Муттаҳид барои озод кардани Зайд Саидов, тоҷири шинохта ва вазири собиқи саноат, ӯ дар зиндон мемонад (видео)

- Як тир Дилшодро хонавайрону муҳтоҷу дастнигар кард. Дилшод Зокиров нишонзани собиқи гуруҳи ОМОН се сол пеш дар амалиёт ба зидди генерали ошӯбгар Абдуҳалим Назарзода тир хӯрд ва мӯҳтоҷу дастнигар шуд (видео)

- Таронахонии Қорӣ Шамшод дар ҷашни 70-солагии Тоҷиддини Муҳиддин. Шамшод Муҳиддинов, маъруф бо номи Қорӣ Шамшод ва имом-хатиби масҷиди деҳаи Дурбат дар шаҳри Ҳисор, баъди замзамаи як тарона дар баҳори соли гузашта ва дифоъ аз раво будани мусиқии ором дар ислом, "Аълочии фарҳанги Тоҷикистон" эълон шуд (видео)

- Чаро дар Қирғизистон аз қонун дар бораи ҳифзи касоне, ки дар бораи фасодкорӣ хабар додаанд, норозӣ ҳастанд (видеои Настоящее время)

- Чаро Қазоқистон бо сатрпӯшӣ дар мактабҳо мубориза мебарад? (Видео аз Директ)

- Гуайдо гуфт, тағйири ҳукумат дар Венесуэла ба нафъи Русия аст (видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG