Ссылки доступа

Э.Раҳмон: "Равобит бо Русия дар сиёсати хориҷии мо ҷойгоҳи вижа дорад"


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки рушди мунтазами равобити Тоҷикистону Русия, дар сиёсати хориҷии кишвараш мавқеи вижа дорад.

Эмомалӣ Раҳмон ин матлабро рӯзи 5-уми феврал дар мулоқот бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, баён дошт. Оқои Лавров бо сафари расмии дурӯза дар Душанбе қарор дорад.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Сергей Лавров масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ин ду шарики стратегӣ, баррасӣ шудааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Сергей Лавров дар робита ба ҳамгироии сиёсӣ, амнияти минтақавӣ, ҳамкориҳои низомӣ, мубориза бо терроризм, ҳифзи марз, вазъ дар Афғонистон ва амалӣ шудани барномаи навсозии артиши Тоҷикистон, гуфтугӯ кардаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо оқои Лавров ҳамчунин ба ҳалли масоили байниминтақавии тиҷоратӣ-иқтисодӣ, ҷалби технология барои коркарди маҳсулоти саноатӣ, коркарди пахта, мева ва сабзавот, ҳамчунин афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои Русия, таъкид шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ва Сергей Лавров дар ин мулоқот ба масъалаи сохтмони мактабҳои русӣ ва ҷалби омӯзгорони рус ба мактабҳои Тоҷикистон низ дахл кардаанд. Ҳамчунин масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар ин мулоқот баррасӣ шудааст. Дар ин дидор масъалаи сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия баррасӣ шудааст. Вале таърихи муайяни ин сафар эълон нашудаст.

Қарор аст Сергей Лавров имрӯз бо Сироҷиддини Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон низ мулоқот кунад. Дар поёни ин мулоқот ҳар ду вазири Тоҷикистону Русия ба саволҳои хабарнигорон посух хоҳанд дод.

Пештар аз ин вазорати корҳои хориҷии Русия иттилоъ дода буд, ки дар мулоқоти Сергей Лавров бо мақомоти тоҷик масоили ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши сиёсиву амниятӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва чорабиниҳои марбут ба дидорҳои сиёсии мақомоти баландпояи ду кишвар баррасӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG