Ссылки доступа

Дар Остона кӯдакони дар оташсӯзӣ ҳалокшударо ба хок супориданд (видео)


Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон имрӯз маросими видоъ бо 5 кӯдаке барпо шуд, ки шаби гузашта дар як оташсӯзӣ кушта шуданд.

Дар ҷанозаи кӯдакон садҳо одам ширкат карданд.

​Шаби 4 ба 5 январ дар ноҳияи Сариарки шаҳри Остона як манзили истиқоматӣ оташ гирифт. Мақомоти ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳанд, ки дар макони оташсӯзӣ ҷасади панҷ кӯдак - солҳои таваллуди 2006, 2008, 2013, 2015 ва 2018 - пайдо шудааст.

Ҳамаи кӯдакон аъзои як хонавода ҳастанд. Ҳангоми сӯхтор кӯдакон дар манзил танҳо будаанд.

XS
SM
MD
LG