Ссылки доступа

Қирғизистон аз ИМА хост, Саляновро ба Бишкек таслим кунад


Камила Дуйшебоева
Камила Дуйшебоева

Вазорати умури дохилии Қирғизистон ба воситаи Додситонии кулли ин кишвар аз ИМА дархост кардааст, ки Калийбек Саляновро ба ватан истирдод кунад. Дар ин бора муовини вазири умури дохилии Қирғизистон Мирлан Каниметов иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, Салянов дар монеъ шудан ба раванди тафтиши парвандаи куштори Камила Дуйшебоева гумонбар аст.

Каниметов гуфт, Саляновро дар ИМА бо гумони нақзи қонунҳои муҳоҷират боздошт карданд ва ҳангоми санҷиш маълум шудааст, ки ӯ дар пайгарди қонунӣ қарор дорад.

Ёдрас мешавем, ҷасади донишҷӯдухтари 19-сола Камила Дуйшебоеваро бо нишонаҳои марги маҷбурӣ 16 марти соли 2014 дар деҳаи Байтик, дар наздикии шаҳри Бишкек пайдо карданд. Барои санҷиши ҳодиса комиссия ташкил ва 400 кас дар робита ба он бозпурсӣ шуданд.

Муфаттишон Калийбек Саляновро нахуст ҳамчун шоҳид бозпурсӣ карда, сипас гуфтанд, ки ӯ дар доираи парванда гумонбар аст. Мақомот гуфтанд, ки гӯё ӯ ба раванди тафтиш монеа эҷод кардааст ва соли 2017 вайро ҳадафи пайгарди қонун қарор доданд.

Калийбек Салянов амаки додситони кулли пешини Қирғизистон Аида Салянова аст. Вале Салянова мегӯяд, парвандаи мазкур дорои ангезаи сиёсист.

XS
SM
MD
LG