Ссылки доступа

Тошканд имкони ширкат дар сохтмони "Роғун"-ро баррасӣ мекунад


Ӯзбекистон имкони иштирок дар сохтмони неругоҳҳои обии Тоҷикистон ва Қирғизистонро меомӯзад. Дар ин бора расонаҳои Ӯзбекистон аз қавли муовини раиси ширкати "Ӯзбекэнерго" Руслан Мубаракшин хабар доданд.

"Масъалаи сохтмон дар марҳилаи баррасист. Пешниҳодҳо дар мавриди ширкат дар сохтмонҳои неругоҳҳои Тоҷикистону Қирғизистон ворид шудааст. Мо дар ин масъала кор мекунем, аммо ҳоло қарори ниҳоӣ қабул нашудааст", - гуфт Мубаракшин.

Ин нукта, ки Ӯзбекистон метавонад, дар сохтмони "Роғун" саҳм гирад, дар изҳороти муштараки президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе зикр ёфта буд.

Сохтмони дарғоти неругоҳи "Роғун" расман охири моҳи октябри соли 2016, баъди марги президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов шуруъ шуд. Каримов солҳои тӯлонӣ мухолифи бунёди ин неругоҳ буд ва мегуфт, он маҷрои обро ба кишварҳои поёноб коҳиш дода, хатари зистмуҳитӣ ба вуяуд хоҳад овард.

XS
SM
MD
LG