Ссылки доступа

Мақомоти Қазоқистон: ҳалокати 5 кӯдак дар сӯхтор натиҷаи "хатои наҷотбахшон" буд


В Астане похоронили пятерых девочек, заживо сгоревших при пожаре в доме-времянке
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:29 0:00

Дар шаҳри Остона 5 феврал ҷасади панҷ хоҳареро ба хок супурданд, ки шаби 4 феврал дар натиҷаи оташ гирифтани як кулбаи муваққатӣ дар маҳаллаи "Коктал-1"-и ноҳияи Сариарк ба ҳалокат расиданд.

Дар ҷанозаи кӯдакон одамони зиёде иштирок доштанд. Бештари онҳо суол мекарданд, ки чаро шаҳрдории пойтахти Қазоқистон ба ин оилаи серфарзанд хона надод ва чаро волидони кӯдакон маҷбур буданд, шабона кӯдаконро танҳо гузошта, кор кунанд.

Сӯхтор тахминан соатҳои сеи шаб рух додааст. Падари кӯдакон корманди барқ буда, он шаб ба маҳалли кораш даъват шудааст. Модари онҳо низ се рӯз пеш дар як корхонаи маҳсулоти плостикӣ ба кор даромадааст. Ин хонаводаи серфарзанд сахт ба маблағ ниёз дошта, мақомот ҳатто онҳоро бо сабабҳои номаълум дар навбати хона нагузоштаанд.

Времянка, в которой жила семья
Времянка, в которой жила семья

Бо вуҷуди ин ки оташнишонҳо пас аз 7 дақиқа ба маҳалли ҳодиса расидаанд, натавонистанд кӯдаконро наҷот диҳанд. Баъд аз чанд дақиқаи омадани онҳо боми хона фурӯ рехта, кӯдакон зинда ба зинда сӯхтанд. Онҳо 12, 11, 6, 3 ва 1 сол доштанд.

Шаҳрдори Остона Бахит Султонов субҳи душанбе дар робита ба ин ҳодиса ҷаласаи изтирорӣ баргузор кард. Мақомоти қазоқ ҳодисаро -- "иштибоҳи департаменти ҳолатҳои фавқулода" номиданд.

Ҳамсояҳои қурбониён мегӯянд, волидони кӯдакон борҳо аз мақомот дархости хона карда буданд. Вале мақомот мегӯянд, ин хонавода чунин дархост накарда буд. Сухангӯи шаҳрдории Остона Элмира Жургенбоева дар нишасти хабарӣ тасдиқ кард, ки оилаи мазкур дар навбати хона қарор надошт ва танҳо ҳамчун оилаи серфарзанд аз давлат дар ҳаҷми 30 доллар кумакпулӣ мегирифт.

"Шаҳрдор ва кормандони хадамоти иҷтимоӣ аз вазъи хонавода хабар надоштанд. Шояд танҳо дар мактаб медонистанд", - афзуд Жургенбоева.

Ба иттилои сомонаи шаҳрдории Остона, бештари сӯхторҳо (беш аз 50%) дар пойтахти Қазоқистон дар маҳаллаҳои аҳолинишин ва зиёда аз 65%-и онҳо дар манзилҳои хусусӣ рух медиҳанд.

XS
SM
MD
LG