Ссылки доступа

Назарбоев хост, дар бораи муроҷиаташ ба Шӯрои конститутсионӣ "сару садо" накунанд


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев муроҷиати худро ба Шӯрои конститутсионии кишвараш "як мавзуи комилан рӯзмараи давлат" номида, хост, дар ин замина "сару садо" барпо накунанд.

Видеое, ки дар он Назарбоев дар бораи муроҷиати худ ба Шӯрои конститутсионии Қазоқистон барои шарҳи меъёрҳои қатъи фаъолияти президент суҳбат мекунад, 5 феврал дар саҳифаи расмии раисҷумҳури он кишвар дар Фейсбук нашр шуд.

Назарбоев мегӯяд, аз замони қабули Конститутсияи Қазоқистон дар соли 1995 ва қонуни Шӯрои конститутсионии ин кишвар 22 "паёми президентии ӯ" ироа шудааст. "Қонуни Шӯрои конститутсионӣ ба шӯро ҳақ медиҳад, ки камбудиҳоро дар Конститутсия ва қонунҳо шарҳ диҳад", - афзуд Назарбоев. Ба гуфтаи ӯ, муроҷиати ахири ӯ як "ҳодисаи рӯзмара" ва "раванди маъмулӣ" аст.

"Барои намуна, аз ман пурсиданд, ки дар кадом шароит президент бо хоҳиши худ қудратро месупорад, яъне истеъфо медиҳад. Вале ин дар Конститутсияи Қазоқистон нест. Дар ҳамаи Конститутсияи кишварҳои ҷаҳон ҳаст. Бинобар ин, ман аз Шӯрои конститутсионӣ хостам, масъалаи мазкурро шарҳ диҳад", - изҳор дошт президенти Қазоқистон. Ба гуфтаи ӯ, ба Шӯрои конститутсионии Қазоқистон дубора муроҷиат хоҳад шуд, вале набояд дар бораи он "сару садо" кард.

"Албатта, масъалаи аз ҳама муҳим барои ҳама ин интихоботи навбатӣ ва интиқоли қудрат аст. Коститутсия ва қонун дар бораи президентро хонед. Онҷо равшан гуфта шудааст, ки интихобот кай баргузор мешавад ва муҳлати президентӣ кай ба поён мерасад. Бале, президент дар асоси Конститутсия ҳақ дорад, ки интихоботи пеш аз муҳлат эълом кунад, вале ин ба мо таҳдид намекунад. Бинобар ин, биёед ором шавем ва хуб кор кунем", - илова кард Назарбоев.

Президенти Қазоқистон 4 феврал дар ҷаласаи Шӯрои конститутсионӣ хост, банди 3 моддаи 42 Конститутсияи ин кишвар шарҳ дода шавад. "Салоҳиятҳои президент ба маҳзи савганд ёд кардани президенти нав, инчунин ҳангоми пеш аз муҳлат канор рафтан ё аз мақом даст кашидан ва ё ҳангоми марг қатъ мешаванд. Ҳамаи президентҳои пешин, ба ҷуз аз онҳое, ки аз мақом даст кашидаанд, унвони президенти собиқро соҳиб мешаванд", - омадааст дар он банд.

Назарбоев наздики 30 сол аст, ки Қазоқистонро роҳбарӣ мекунад. Вай ҳанӯз замони побарҷоии СССР сари қудрат омада буд. Дар интихоботи ахири моҳи апрели соли 2015 вай расман бештар аз 97 дарсади раъйи мардумро соҳиб шуд.

XS
SM
MD
LG