Ссылки доступа

Лавров: Муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз имтиёзҳои зиёд бархурдоранд


Сергей Лавров

Сергей Лавров – вазири корҳои хориҷии Русия – гуфт, Тоҷикистон ягона кишварест, ки узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё нест, вале муҳоҷиронаш аз имтиёзҳои зиёд бархурдоранд.

Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё созмони зери назари Русия аст, ки ба он Русияву Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус ва Арманистон шомиланд. Москва борҳо аз Тоҷикистон хостааст, ки ба ин созмон бипайвандад. ​

Дипломати аршади рус баъди боздид аз Қирғизистон, шоми 4-уми феврал ба Душанбе омад ва дар суҳбатҳояш бо мақомоти Тоҷикистон ва хабарнигорон ба ҳамкориҳои ду кишвар, нақши пойгоҳи 201-ум ва мақоми ҳуқуқии муҳоҷирон дахл кард.

Лавров ба вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия баъди он дахолат кард, ки дар як нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия аз ӯ пурсиданд, ба наздикӣ афви муҳоҷирон дар назар аст ё не? Вай гуфт, "Русия аллакай муҳоҷирони тоҷикро афв кардааст ва на як бор".

Вазири умури хориҷии Русия, инчунин, гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳақ доранд, на як ҳафта, балки 15 рӯз бидуни сабтином дар ҳудуди Русия зиндагӣ кунанд ва барои се сол патент дарёфт намоянд. "Албатта, мехоҳанд, ки патентро арзонтар бигиранд, вале ин мавзӯи музокирот аст", - афзуд ӯ.

Сергей Лавров дар идомаи суҳбаташ дар Донишгоҳи славянӣ гуфт, гуфт, бояд Душанбеву Маскав созишнома дар бораи нафақаи муҳоҷирони кориро низ имзо кунанд, ки ба қавли ӯ дар рӯи мизи музокирот истодааст. Вай ҳамчунин хостори омода кардани муҳоҷирон пеш аз сафари онҳо ба Русия шуд.

"Бояд пеш аз сафар бо онҳо кор бурда шавад, то муҳоҷирон донанд, ки корфармояшон кист ва коре, ки мекунанд, қонунист. Ва бояд касе шиносномаашонро кашида нагирад", - афзуд ӯ.

Лавров гуфт, барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ аз ҳамтоёни тоҷики худ хостаанд, бояд ҳарчи зудтар созишномаҳои иловагиро имзо кунанд. "Бояд созишномаи реадмиссия ё масъулиятҳои Тоҷикистон барои қабули шаҳрвандоне, ки қонунҳои Русияро нақз кардаанд, низ имзо шавад. Мо ба ин монанд санадро бо Иттиҳодияи Аврупо тасвиб кардаем ва худро хеле хуб эҳсос мекунем. Набояд аз ин тарсид. Бахши муҳоҷират бояд пурра қонунӣ шавад", - афзуд ӯ.

Аз Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, дар мулоқот бо донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия инчунин суол шуд, ки то куҷо Чинро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба унвони як рақиби Маскав арзёбӣ мекунад? Дар посух ба ин суол ӯ гуфт, барои Русия Чин на рақиб, балки шарик ё ҳамкор аст: ​"Мо бо Ҷумҳурии мардумии Чин шарики стратегӣ ҳастем. Барномаҳое, ки Русияву Чин дар робита бо ин минтақа ва ҳам дар маҷмӯъ дар робита бо Авруосиёи бузург доранд, бо ҳам дар ихтилоф нестанд."

XS
SM
MD
LG