Ссылки доступа

Раҳимов: Маҳорати футболбозии тоҷикон аз аврупоиҳо монданӣ надорад (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 5-уми феврали соли 2019. Сафари вазири корҳои хориҷии Русия ба Тоҷикистон, шикояти Каромат Шарипов, манъи убури мошинҳои боркаши Тоҷикистон аз қаламрави Туркманистон, фавти навраси тоҷик бар асари таркиши тири кӯҳна дар пойгоҳи низомии Русия ва матолиби дигар. (видео)

- Раҳимов: Маҳорати футболбозии тоҷикон аз аврупоиҳо монданӣ надорад. Мураббии тими "Тоҷикистон" дар асрори тарбияи варзишгарони муваффақро ба радиои Озодӣ ошкор кард (видео)

- Сергей Лавров дар суҳбат бо мақомоти Тоҷикистон аз чӣ гуфт? Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, баъди боздид аз Қирғизистон шоми 4-уми феврал ба Душанбе омад. Вай дар суҳбатҳояш бо мақомоти Тоҷикистон ва хабарнигорон ба ҳамкориҳои ду кишвар, нақши пойгоҳи 201-ум ва мақоми ҳуқуқии муҳоҷирон дахл кард (видео)

- Русия Каромат Шарифовро аз нафақа ва имтиёзҳо маҳрум кард. Каромат Шарифов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик, мегӯяд, вазорати мудофиаи Русия ӯ ва аъзои хонаводаашро аз чанд имтиёзи иҷтимоӣ маҳрум кардааст. Вай рӯзи 13-уми декабри соли 2017 аз ҳаққи шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз Маскав ба Тоҷикистон ихроҷ шуд (видео)

- Дар Хатлон 538 танфурӯшро сабти ном кардаанд. Мақомоти интизомии Хатлон мегӯянд, соли гузашта дар вилоят 538 танфурӯшро сабт карданд, ки дар байни онҳо 95 нафар гирифтори вируси норасоии масунияти бадан ва ё ВИЧ ҳастанд (видео)

- "Агар аз баҳраш гузарам, Худо маро мезанад". Муҳаммад Дадобоев, раққоси тоҷик мегӯяд, рақси мардонаи суннатӣ дар Тоҷикистон ба тадриҷ аз ёдҳо меравад ва набояд иҷоза дод, ки як ҷузъи зебои фарҳанги мардумӣ, ки ҳазорсолаҳо умр дорад, аз байн биравад (видео)

- Осиё 360: деҳае, ки зимистон офтоб ва тобистон моҳтобро намебинад. Дар ноҳияи Бодканди Қирғизистон деҳаи ғайриодие ҳаст, ки зимистон офтоб ва тобистон моҳтобро намебинад. Ин деҳа дар миёни қаторкуҳҳои осмонбӯси Помир-Олой ҷойгир аст. Одамон инҷо зиндагии вазнин доранд ва дар инзиво қарор гирифтаанд (видео Настоящее время)

- Парвози ҳавопаймоҳои Туркманистон ба Иттиҳоди Аврупо манъ шуд. (видео аз Директ)

- Чи гуна мушкили бемории саратонро дар Қирғизистон мешавад ҳал кард? Ба ҳисоби Кумитаи омори Қирғизистон, дар ин кишвар беш аз 26 ҳазор одами гирифтор ба бемории саратон зиндагӣ мекунад. Раиси бунёди "Кумак осон аст" Динара Аляева гуфт, ки чи гуна мешавад, ин мушкилро дар Қирғизистон ҳал кард ва давлат чи кумак метавонад бикунад. (видео аз Директ)​

- Вазири зербиноии Украина дар бораи сафари шаҳрвандони ин кишвар ба Русия. Вазири зербиноии Украина Владимир Омелян коҳиши сафарҳоро ба Русия қарори муҳим номид. Ӯ бовар дорад, ки шумори сафарҳо то ду соли оянда то ба сифр хоҳад расид. (видеоаз Директ)​

- Панҷгонаи номзадҳои асосӣ дар интихоботи Украина чи ваъдаҳо мекунанд?(видеои Настоящее время)​

- Аз рейтинги ҳамдарсон то суханронӣ дар Сенат. Дар 15 сол бо Фейсбук чиҳо рух дод (видеои Настоящее время)

- Оилаи тоҷике, ки пас аз 5 соли зиндагӣ дар контейнер соҳиби хона шуданд.(видеои Настоящее время)

- Чаро дар Қирғизистон аз қонун дар бораи ҳифзи касоне, ки дар бораи фасодкорӣ хабар додаанд, норозӣ ҳастанд (видеои Настоящее время)

- Чаро Қазоқистон бо сатрпӯшӣ дар мактабҳо мубориза мебарад? (Видео аз Директ)

- Доруи ройгоне, ки нест. Дар Петропавловск шахсони гирифтор ба бемориҳои музмин мегӯянд, се моҳ аст, наметавонанд, доруи ройгонеро дарёфт кунанд, ки дар асоси қонун ваъда шудааст. Онҳо маҷбуранд, доруҳоро аз ҳисоби худ бихаранд.​(Видео аз Қазоқистон)

- Дар "шаҳраки Гидролиз" чӣ мегузарад? Чаро сокинон намехоҳанд хонаҳои худро тарк кунанд? Додситони кулли Ӯзбекистон қазияи тахриби хонаҳоро дар маркази шаҳри Фарғона зери назорат гирифт. (видео)

- Панҷ усули роҳиби буддоӣ Алексей. Дар деҳаи Маевкаи Куҳии наздики шаҳри Бишкек ягона маъбади буддоии Қирғизистон ҷойгир аст. Дар он ҷо роҳиб Алексей Шмигл зиндагӣ дорад (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG