Ссылки доступа

Доналд Трамп дар бораи вазъи ИМА ба Конгресс паём ироа кард


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Президенти ИМА Доналд Трамп шоми сешанбе паёми солонаи худро ба Конгресси он кишвар ироа кард. Дар ин нишаст, ки ҳудуди якуним соат идома кард, аъзои кобинаи Трамп, додрасҳои Додгоҳи олӣ ва мақомҳои баландпояи низомии ИМА низ иштирок доштанд.

Трамп қисми аввали суханронии худро ба комёбиҳои иқтисодие бахшид, ки тайи ду соли президентияш ба даст омадаанд. Ӯ қайд кард, ки иқдисоди ИМА назар ба нишондодҳои даҳсолаи ахир ду баробар бештар рушд карда, аз ҷумла, сатҳи бекорӣ поинтарин нишондод дар 50 соли ахир ва шумори ташкили ҷойҳои корӣ дар кишвараш рекордӣ аст.

Қисмати бузурги суханронии ӯ ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ бахшида шуд. Трамп аксарияти демократҳоро дар Маҷлиси намояндагони ИМА ба иттиҳод даъват ва бори дигар зарурати бунёди деворро дар марз бо Мексика таъкид кард.

Президенти ИМА дар робита ба бурунрафт аз Созишномаи маҳви мушакҳои кутоҳу дурпарвоз Русияро гунаҳкор намуд, ки тайи чандин сол онро нақз кардааст. Трамп ба фароҳам будани имкониятҳо барои имзои созишномаи нав бо иштироки Чин ишора карда, гуфт, дар сурати имзо нашудани он, ИМА аз тамоми рақибони худ дар харҷи таслиҳоти нав ва навоварӣ пеш хоҳад гузашт.

Доналд Трамп изҳор дошт, ки гуфтугӯҳои ӯ бо раҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин аз ҷанг пешгирӣ карданд. Ба гуфтаи ӯ, мулоқоти наваш бо Ким Чен Ин рӯзҳои 27-28 феврал дар Ветнам баргузор мешавад.

Қарор буд, Трамп паёми худро дар Конгресс 29 январ ироа кунад. Вале он ба иллати "шатдаун" -- қисман қатъ шудани фаъолияти идораҳои давлатӣ ба таъхир афтод. Бар асоси Конститутсияи ИМА, президент ҳар сол бояд ба Конгресс паём ироа кунад. Бори нахуст ин гуна паёмро президенти пешини ИМА Ҷорҷ Вашингтон соли 1970 ироа кардааст.

XS
SM
MD
LG