Ссылки доступа

Дурбинҳои "Шаҳри бехатар"-и Бишкек 7 навъи қоидавайронкуниро сабт мекунанд (видео)


Кумитаи давлатии технологияи иттилоотӣ ва алоқаи Қирғизистон эълом кард, ки иҷрои тарҳи "Шаҳри бехатар" дар шаҳри Бишкек аз 12 феврал оғоз мешавад. Дурбинҳои назоратӣ 7 навъи қоидавайронкуниро сабт мекунанд.

  1. Ҳаракат ҳангоми сурх будани чароғак
  2. Баромадан ба самти муқобил
  3. Ҳаракат ба воситаи роҳравҳои дучархасаворӣ, пиёдагард ва сабзазорҳо
  4. Гузаштан аз хат ҳангоми сурх будани чароғак
  5. Роҳ надодан ба пиёдагардон дар ҷойҳои муайяншуда
  6. Ҳаракат бо суръати баланд
  7. Риоя накардани талаботи таваққуфгоҳ ва истгоҳҳо.

Тамоми маълумот дар бораи қоидавайронкуниҳое, ки сабт мешаванд, дар маркази дидбонии Раёсати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои Қирғизистон ҷамъоварӣ хоҳанд шуд.

Аз 12 феврал тамоми дурбинҳои назоратӣ дар кӯчаҳои марҳалаи аввали тарҳи "Шаҳри бехатар" ба таври санҷишӣ фаъол мешаванд. Дар марҳалаи аввал дар 10 хиёбони Бишкек дурбин насб карда мешавад. Ҳамчунин аломатҳои роҳ ва хатҳои ҳаракат низ нав хоҳанд шуд.

Иҷрои тарҳи "Шаҳри бехатар"-и Бишкек дар чаҳор марҳила сурат гирифта, дар 38 кӯчаву хиёбони шаҳр дурбинҳо насб мешаванд.

Тарҳро ширкати русии "Вега" иҷро мекунад.

XS
SM
MD
LG