Ссылки доступа

Дар порлумони Қирғизистон масъалаи фурӯши об ба ҳамсоякишварҳо дубора баҳс шуд


Порлумони Қирғизистон масъалаи истифодаи пулакии захираҳои обро барои Ӯзбекистону Қазоқистон баррасӣ кард.

Вакилони порлумони Қирғизистон лоиҳаи қонун "Дар бораи ворид кардани тағйирот ба бархе аз санадҳои ҳуқуқии Қирғизистон (Кодекси об, қонун "Дар бораи об")"-ро ба баррасӣ гирифт. Ҳадафи асосии ин тағйирот пулакӣ кардани истифодаи захираҳо ва иншооти обии кишвар аст. Бархе аз вакилон пешниҳод карданд, ки аз Ӯзбекистону Қазоқистон барои истифодаи оби Қирғизистон маблағ талаб карда шавад.

"Наздики 22 миллиард метри мукааб оби обанборҳои Қирғизистон ҳамасола ба Ӯзбекистону Қазоқистон меравад. Яъне, бештар аз 80 дарсади об ба ҳамсояҳо дода мешавад. Чанде пеш мо мехостем, барои таъмири обанбори Токтогул 450 миллион доллар ҷудо кунем. Чаро ҳукумати мо аз ҳамсоякишварҳо талаб намекунад, ки барои сарбанд маблағ пардохт кунанд?", - гуфт вакил Умбеталӣ Қидиралиев.

Жанибек Карималиев, муовини вазири кишоварзии Қирғизистон посух дод, ки бо ворид кардани тағйирот ба қонунҳо имкони талаб кардани пардохт барои истифодаи об аз ҳамсояҳо пайдо мешавад.

Карималиев гуфт, Қазоқистон барои истифодаи об наздики 313 ҳазор доллар пардохт мекунад.

Масъалаи танзими истифодаи об дар солҳои 2007-2008 бо ширкати кишварҳои ҳамсояи Қирғизистон баррасӣ шуда буд, аммо он замон ин масъала ба нафъи Қирғизистон ҳал нашуд.

XS
SM
MD
LG