Ссылки доступа

Тақдири “Агроинвестбонк”-у “Тоҷиксодиротбонк” то 2 ҳафтаи оянда ҳал мешавад (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 6-уми феврали соли 2019. Тақдири “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” то ду ҳафтаи дигар ҳал мешавад. Комиссияи махсус бунёди масҷидҳои навро баррасӣ мекунад. Трамп аз ихроҷи паймони назорати аслиҳа бо Русия ҳимоят намуд. Дар Хатлон танфурушони олид ба ВИЧ-ро сабт карданд. (видео)

- Осиё: тазоҳуроти модарони серфарзанд дар Остона. Дар Остона модарони серфарзанд пас аз ҳалокати 5 кӯдак дар як сӯхтор тазоҳурот карданд. Онҳо кумакпулии воқеӣ ва манзилҳои зисти иҷтимоӣ талаб доранд. Бозори маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ назар ба вокуниши пулис бештар рушд мекунад. Роҳи муҳоҷирони кории тоҷик ба Қатар боз шуд. (видеои Настоящее время)​

- Аз студиои балет то Паролимпиада: зиндагии қаҳрамони "Озодӣ" дар як сол чи гуна тағйир ёфт (видео аз Директ)

- Муҳоҷирони тоҷик пирамарди русро наҷот доданд. Саидҷон як муҳоҷири тоҷик аз ноҳияи Домодедово дар канори вилояти Маскав видеои оташ гирифтани хонаи як сокини ноҳияро фиристод (видео)

- То 20 феврал – муҳлати ниҳоӣ ба ду бонки буҳронии Тоҷикистон. Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон гуфт, президент Эмомалӣ Раҳмон ба мақомот дастур додааст, то ду ҳафтаи дигар барномаи наҷоти ду бонки азими кишварро пешниҳод кунанд (видео)

- Кӯдакони тоҷик дар куҷо таълимӣ динӣ гиранд? Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки қонунҳои кишвар таълими динӣ гирифтани кӯдаконро манъ накардааст. Вале онҳо бояд дар куҷо таълим бигиранд? Ин суол баҳсеро ба вуҷуд овардааст ва дар нишасти хабарии мақомоти Кумитаи дини Тоҷикистон низ мавзӯи асосӣ шуд (видео)

- Дар Хуҷанд бо муҳаббат чӣ карданд? Ин арзи муҳаббат ба шаҳри худ аст. Ҷойе барои сурат гирифтан ва тамошост, аммо... (видео)

- Модарони серфарзанди Остона аз мақомот хостанд, ба мушкили онҳо расидагӣ шавад. (видео аз Директ)​

- «Сирри қудрат». Ойгул Текебоева дар бораи муносибатҳои Отамбоеву Текебоев. Ҳамсари раиси Ҳизби "Ота Макон"-и Қирғизистон дар барномаи навбатии "Сирри қудрат" дар бораи парвандаи шавҳари худу вокуниши фарзандон ба ҳукми зиндони падарашон суҳбат кард. Ҳамчунин дар бораи муносибатҳои президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев бо Текебоев ҳарфҳое низ гуфт. (видео)​

- Мирзиёев ба қатъи шиканҷа дар Ӯзбекистон дастур дод. (видео)

- Оё дар Гурҷистон метавонанд ҳиҷобро манъ кунанд? (видео аз Директ)

- Оё мақомоти Русия метавонанд, кишварро аз шабакаи ҷаҳонӣ ҷудо созанд? Ба гуфтаи сенаторҳо, Русия барои ҳимояти худ аз ҳамлаҳои киберӣ ба Интернети мустақил ниёз дорад. (видео аз Директ)​

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG