Ссылки доступа

Аз Бонки халқии Ӯзбекистон дар рӯзи равшан $100 000-ро дуздиданд


Аз бахши Бонки халқии Ӯзбекистон дар ноҳияи Ёзёвони вилояти Фарғона 5 феврал 100 ҳазор доллари амрикоиро дуздиданд. Дуздӣ пас аз соати корӣ ошкор шуда, шабона тамоми кормандони бахш, аз мудир то посбонро боздошт карданд.

Ба гуфтаи наздикони яке аз масъулони Бонки халқӣ, маъмурони ҳифзи ҳуқуқ кормандони бонкро тамоми шаб бозпурсӣ карда, субҳи 6 феврал ба шуъбаи пулис бурдаанд. Як корманди пулиси Ёзёвон бо тасдиқи ин хабар гуфт, то ҳол маълум нест, ки пулро кӣ дуздидаааст.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, хазинадори бонк тахминан наздикиҳои соати 10-и шаб фаҳмидааст, ки 100 ҳазор доллар гум шудааст. "Тамоми кормандони бонкро шаб аз хонаҳояшон ба бинои бахш оварда, то субҳ бозпурсӣ карданд ва сипас ба шуъба бурданд", - изҳор дошт ӯ.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, субҳи 6 феврал манзили дасти кам 20 корманди бонкро бозҷӯӣ карданд.

Рӯзноманигорони маҳаллӣ мегӯянд, як гуруҳи махсуси муфаттишон аз Идораи умури дохилии вилояти Фарғона ҳодисаро таҳқиқ доранд.

"Чанд рӯз пеш ба бахши Бонки халқӣ доллари нақдина овардаанд. Дар говсандуқ 180 ҳазор доллар будааст, ки 100 ҳазор долларашро дуздидаанд. Калиди говсандуқ дар дасти се кас - мудири бахш, сармуҳосиб ва хазинадор будааст", - изҳор дошт манбаъ.

​Яке аз кормандони Бонки халқӣ, ки аз ҷузъиёти ҳодиса огаҳ аст, гуфт, он шаб дар бинои бахш дар халтаҳои калон сӯми ӯзбекӣ буд, вале касе ба онҳо даст нарасондааст.

XS
SM
MD
LG