Ссылки доступа

Расонаҳо: Қирғизистон ба Русия пешниҳод кард, ба сохтмони неругоҳҳо баргардад


Қирғизистон ба Русия пешниҳод кард, ки ба амалисозии лоиҳаи сохтмони силсиланеругоҳҳои Норини болоӣ баргардад. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости бо такя ба вазорати энержии Русия иттилоъ дод.

Ба иттилои хабаргузорӣ, "ин масъала аз сӯи ҳукумат ва ширкатҳои хусусӣ баррасӣ мешавад". Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки бо ҷониби Қирғизистон шароити барқарории ҳамкорӣ муҳокима нашудааст. Мақомоти Қирғизистон ин хабарро ҳанӯз шарҳ надодаанд.

Соли 2012 ҳукуматҳои Қирғизистону Русия дар мавриди сохтмони силсиланеругоҳҳои Норини болоӣ созишнома имзо карданд. Дар доираи ин созишнома қарор буд, дар Қирғизистон 4 неругоҳ сохта шавад.

Аммо моҳи августи соли 2016 Қирғизистон якҷониба аз созишнома хориҷ шуд. Бишкек гуфт, ки ҷониби Русия ба далели буҳрони молӣ имкон нахоҳад дошт, ки дар солҳои наздик созишномаро иҷро кунад.

Ширкати "РусГидро" талаб кард, ки маблағҳои сарфшуда баргардонида шаванд. Ширкат гуфт, ҳаҷми маблағи сармоягузоришуда 37 млн долларро ташкил медиҳад. Қирғизистон дар навбати худ талаб кард, ки харҷҳо исбот шаванд. 31 октябри соли 2018 "РусГидро" ба додгоҳи ҳакамии байналхалқӣ шикоят бурд. Қирғизистон вазифадор аст, на дертар аз 15 апрели соли ҷорӣ посухи шикоятро диҳад.

XS
SM
MD
LG