Ссылки доступа

Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA мақоми худро ҳифз кард


Дастаи мунтахаби футболи Ӯзбекистон дар раддабандии FIFA шаш зина боло ва мақоми тими Туркманистон якбора 9 зина поин рафт. Дастаҳои Қазоқистон ду ва Қирғизистон чаҳор зина поинтар қарор гирифтаанд. Тоҷикистон дар ин раддабандӣ мақоми пешини худро ҳифз кардааст.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар раддабандии нави FIFA, ки 7 феврал дар сомонаи расмии он нашр шуд, чунин ҷой дода шудаанд:

  • 89. Ӯзбекистон
  • 95. Қирғизистон
  • 117. Қазоқистон
  • 120. Тоҷикистон
  • 136. Туркманистон

Дар миёни дастаҳои кишварҳои шомил ба Конфедератсияи футболи Осиё мақоми аз ҳама баланд -- 22-умро дастаи Эрон ишғол кардааст. Дастаи Ҷопон дар мақоми 27-ум ва барандаи Ҷоми Осиё -- дастаи мунтахаби Қатар дар мақоми 58, 38 зина поин қарор гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG