Ссылки доступа

Дар ғарби Қазоқистон кормандони ширкати нафт гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил карданд (видео)


Субҳи 7 феврал дар шаҳри Оқсои вилояти Қазоқистони Ғарбӣ садҳо корманди ширкати KKS-SICIM гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил карданд. Онҳо аз ҳаҷми маош ва шароити корӣ норозианд.

"Мо 28 рӯз кор ва 14 рӯз истироҳат мекунем. Ман аз фосилаи 400 километр ба ин ҷо барои кор меоям. 160 ҳазор танга (ҳудуди 400 доллари ИМА) маош мегирам, ин даромад харҷи хонаводаамро намепӯшонад", - гуфт яке аз эътирозгарон.

Ба гуфтаи Олтин Қулбоев, мудири иҷроияи KKS-SICIM баъди эътирози сесоата ҷонибҳо ба созиш расиданд.

"Ин кормандон пештар шикояте надоштанд. Чаро якбора чунин карданд, ман намефаҳмам. Онҳо аз 160 то 250 ҳазор танга (бештар аз 500 доллар) моҳона мегиранд. Чунин созиш кардем, ки бо ҳар кадом корманд дар бораи маошаш дар алоҳидагӣ суҳбат хоҳем кард", - гуфт Қулбоев.

Дар ҳоли ҳозир кормандон дубора ба сари кор баргаштаанд.

Ширкати KKS-SICIM ба сохтмони лӯлаи нафту газ машғул аст.

XS
SM
MD
LG