Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон филмҳоро "қайчӣ" мекунанд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Осиё: чиҳил дараҷаи сардӣ дар Остона. Дар Қазоқистон як хонаводаи иборат аз чаҳор узв аз заҳролудшавии газ фавтид. Дамои ҳаво дар Остона шабона 40 дараҷа сард шуд. Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев мумкин аст, ба ҷавобгарӣ ҷалб шавад (видеои Настоящее время)

- Дар Тоҷикистон филмҳоро "қайчӣ" мекунанд. Ахлоқ ё сензура? Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки қайчӣ кардани саҳнаҳои ишқварзӣ аз филмҳои хориҷӣ "далели ахлоқӣ" дорад. Охири соли гузашта як гуруҳи вижа дар Тоҷикистон муваззаф шуда буд, ки қабл аз пахши филмҳои хориҷӣ саҳнаҳои бӯсу канор ва ҳамхобагиро бибурад (видео)

- "Дар телевизион бояд таҳлилу танқид бошад". Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, мегӯяд, розӣ аст, ки дар шабакаҳои телевизионӣ бояд матлабҳои танқидӣ пахш шавад, то ки, ба гуфтааш, мушкилоти ҷомеа ҳалли худро пайдо кунанд (видео)

- "Аснои фаромадани тарма дар Ванҷ хунукназарӣ ҷой дошт". Раҳбарони идораи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Бадахшон ва ноҳияи Ванҷ ба далели "хунукназарӣ" ҳангоми берун овардани ҷасади Ҳукмишоҳ Саидов аз зери тарма ба ҷавобгарии интизомӣ кашидаанд (видео)

- Хитоб ба масъулони ТВ: Ё рекламаро танзим кунед, ё чора мебинем. Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, рӯзи 7-уми феврал дар назди хабарнигорон ба раҳбарони телевизионҳои давлатӣ таъкид кард, ки ба муҳтавои реклама ё таблиғот диққат диҳанд (видео)

- Ахбори Озодӣ аз 7-уми феврали соли 2019. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода эътироф кард, ки аснои фаромадани тарма дар Ванҷ хунукназарӣ ҷой дошт, ҷангҷӯйи тоҷик аз озодӣ маҳрум шуд, Трамп мегӯяд, дар як ҳафта Сурияву Ироқ аз ДОИШ комилан пок мешаванд, шароити муҳоҷирати корӣ ба Қатар ва матолиби дигар (видео)

- Боз як парванда алайҳи раиси "Умед-88" дар додгоҳ. Мақомоти Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтанд, алайҳи раиси ширкати "Умед-88" Раҷабалӣ Одинаев, ки моҳи сентябри соли 2018 бо иттиҳоми дуздии моликияти давлатӣ ва исрофкорӣ ба 24 соли зиндон маҳкум шуд, боз як парвандаи ҷиноӣ дар дасти баррасӣ аст (видео)

- Сокинони шимоли Қазоқистон аз сардӣ ранҷ мебаранд (видео)​

- Варзишкор Ева: Бо талошҳои зиёд мешавад ба пирӯзӣ расид (видео)​

- Кирокаши ройгон дар сардӣ. Шимоли Қазоқистонро сардиҳо фаро гирифтааст. Волонтерҳои павлодарӣ барои одамоне, ки дар кӯча мемонанд, кирокашҳои ройгон ташкил карданд (видео)

- Мирзиёев дастур дод, шиканҷа дар Ӯзбекистон қатъ шавад (видео)

- Донишкадаи шведии таҳқиқотҳои низомӣ: "Русия омодаи ҷанг мешавад". (видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG