Ссылки доступа

Кормандони “Bukhara Cotton Textile” танҳо ними муздашонро мегиранд


“Bukhara Cotton Textile”
“Bukhara Cotton Textile”

Коргарони ширкати муштараки ӯзбекиву бритониёии “Bukhara Cotton Textile” дар шаҳри Бухорои Ӯзбекистон шикоят доранд, ки дар ивази 12 соати корӣ нисфи музди ваъдашударо дарёфт мекунанд.

"Ҳангоми имзои шартнома мо дидем, ки маошамон 300 доллари ИМА нишон дода шудааст. Аммо амалан ба мо ҳамагӣ наздики 140 доллар пардохт мекунанд. Маоши моҳи декабрро мо дар охири моҳи январ гирифтем", - гуфт як коргари ин корхона.

Коргарон мегӯянд, корфармон бандҳои дигари шартномаро низ иҷро намекунад. "Дар шартнома омадааст, ки ҳафтаи кории мо аз 5 рӯз иборат аст, вале мо шаш рӯз ва ҳар рӯзе 12 соат кор мекунем", - афзуд коргари корхонаи мазкур.

Шерзод Мирзоев, муҳосиби ширкат шикояти коргаронро "беасос" унвон кард.

Сохтмони корхонаи муштарак соли 2018 шуруъ шуд. Дар сохтмони корхона бештар аз 700 коргар фаъолият мекунад.

XS
SM
MD
LG