Ссылки доступа

Муҳоҷири ӯзбек барои наҷоти 8 одам медал гирифт


Борис Дубровский, губернатори вилояти Челябинск рӯзи 6 феврал дар як ҷамъомади тантанавӣ ба шаҳрванди Ӯзбекистон Оламафрӯз Абдуллоев медали "Ба некӣ кардан биштоб" тақдим кард. Дар ин бора маркази иттилоотии вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Оламафрӯз Абдуллоев рӯзи 31 декабри соли 2018 аз зери харобаҳои бинои дар Магнитагоркс таркида 8 одамро наҷот дод. Вай яке аз аввалиҳо буд, ки то омадани наҷотдиҳандагон ба наҷоти сокинони бино шитофт.

Ба Оламафрӯз рӯзи 5 феврал дар бинои Консулгарии Ӯзбекистон дар Екатеринбурги Русия аз номи вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон туҳфа ва сипоснома тақдим карданд.

Дар натиҷаи таркиш дар бинои истиқоматии Магнитогорск рӯзи 31 декабри соли 2018 39 одам кушта шуд. Мақомоти Русия гуфтанд, бино аз гази табиӣ таркидааст.

XS
SM
MD
LG