Ссылки доступа

Дар Сурия "охирин набард"-и ҳампаймонони ИМА бо ДИ оғоз шуд


Нерӯҳои мавриди ҳимояти ИМА дар Сурия рӯзи шанбе ба охирин минтақаи зери назорати гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" (ДИ) дар шарқи ин кишвар ва наздикии марз бо Ироқ ҳамлаи сахт оғоз карданд.

Намояндаи нерӯҳои демократии Сурия – эътилофи мухолифин, ки дар он нақши асосиро курдҳо мебозанд, дар суҳбат бо хабаргузории "Рейтер" ин ҳамларо "набарди охирин" зидди ҷангҷӯён номид.

Нерӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии ИМА ба гуруҳҳои курд кумаки ҳавоӣ мерасонанд.

Ҷангҷӯёни ДИ дар ҷанубу шарқи Сурия, дар наздикии марзи Ироқ минтақаи кучакеро дар ихтиёр доранд, ки тайи ду рӯзи ахир ҳудуди 20 ҳазор сокини осоишта тавонистанд, онҷоро тарк кунанд. Ду сол пеш тундравон тақрибан тамоми ҷанубу шарқи Сурияро дар ихтиёр доштанд.

Президенти ИМА Доналд Трамп ахиран гуфт, эҳтимол аст, ҳафтаи оянда эълом карда шавад, ки 100%-и ҳудуди Сурияро аз ҷангҷӯён озод карданд.

Трамп пештар дастур дод, ки нерӯҳои кишварашро аз Сурия берун оранд. Ин тасмими ӯро дар Конгресс танқид карданд. Низомиёни амрикоӣ нигаронанд, ки пас аз бурунрафти онҳо ҷангҷӯёни ДИ дар Сурия дубора фаъол хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG