Ссылки доступа

Мақомот аз мардикорон чӣ мехоҳанд? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Осиё: барои гузориши видеоӣ дар бораи эътирози модарон ба идораи пулис бурданд. Иштирокчии эътирози модаронро дар Қазоқистон пулис боздошт кард: ба пулис иштирок дар барномаи Настоящее Время писан нашуд. Телевизиони давлатии Қирғизистон барои таҳияи филме маблағ ҷудо кард, ки арусрабоиро фарҳанги қирғизӣ муаррифӣ мекунад (видеои Настоящее время)​

- “Чилпо маро аз хонаам бехона кард”. Қурбонгул Солиҳова, сокини деҳаи Ҳаёти Нави ноҳияи Хуросон, як ҳафта боз дар манзили худ шабро саҳар намекунад. Тарси ӯ аз як навъ ҳашаротест, ки дар хонаи ӯ пайдо шудааст. Сокинони деҳаи Ҳаёти Нав ин ҳашаротро “чилпо” меноманд (видео)

- Мақомот аз мардикорон чӣ мехоҳанд? Талаби мақомоти Тоҷикистон барои расмӣ кардани фаъолияти шахсоне, ки кироякор ҳастанд, мардикоронро нигарон кардааст. Мақомот чӣ мехоҳанд, мардикорон чӣ? (видео)

- Муҳоҷирони тоҷик мехоҳанд ба Туркияву Лаҳистон раванд. Тайи тақрибан ду моҳи охир беш аз ҳазор сокини Тоҷикистон расман аз мақомот хостаанд, ки онҳоро барои кор ба Лаҳистону Туркия фиристанд. Ин иттилои расмист, аммо сафи онҳое, ки тавассути ширкатҳои хусусӣ ё таваккалӣ ба он кишварҳо барои кор рафтаанд, маълум нест (видео)

- Агар хазинаи гаронбаҳо ёбед, чӣ мекунед? Мақомоти Тоҷикистон ният доранд, ки ҷустуҷӯ ва фурӯши сангҳои қиматбаҳоро осон кунанд. Пурсиш аз роҳгузарон: агар санги қиматбаҳо ваё хазинаи гаронбаҳо ёфтанд, чӣ кор хоҳанд кард? (видео)

- Олимзода: "Вазорат дастури ташхиси бакоратро надодааст ва намедиҳад". Вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ки ташхиси пардаи бакорат қабл аз издивоҷ ихтиёрӣ аст ва табибон духтаронро барои анҷоми чунин ташхис маҷбур намекунанд (видео)

- Қимати билетҳо муҳоҷирони кории тоҷикро метарсонад. Муҳоҷирону мусофирони тоҷик мегӯянд, қимати билети ҳавопаймоҳо рӯ ба болоравӣ овардааст ва онҳо пули кофӣ барои харидани билет надоранд (видео)

- Хадамоти ҳолатҳои фавқулода хонаҳои сокинони серфарзанди Остонаро тафтиш мекунад (видео)​

- "Моржҳо"-и норинӣ. Ду дӯст ҳар ҳафта дар оби сард оббозӣ мекунанд (видео)​

- Ғуломии асри 21: дар ИМА чи гуна аз фоҳишагӣ наҷот медиҳанд (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG