Ссылки доступа

Дар Остона чаҳор кӯдаки як хонавода аз бӯи газ заҳролуд ва бистарӣ шуданд


Шаби гузашта дар як хобгоҳи умумӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон сухтор рух дод. Чаҳор кӯдаки як хонавода аз бӯи газ заҳролуд шуданд. Дар ин бора мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар медиҳанд.

Дар яке аз ҳуҷраҳои хобгоҳ анҷоми хона оташ гирифт. Сухторнишонон аз бино 11 одамро наҷот доданд.

"Чаҳор кӯдаки як хонавода бо нишонаҳои заҳролудшавӣ дар бемористон бистарӣ шуданд", - хабар медиҳанд мақомот.

Ба иттилои пешакӣ, оташсӯзӣ мумкин аст, аз расиши ноқилҳои барқ рух дода бошад.

Сар аз рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар шаҳри Остона дар манзили хонаводаҳои серфрзанд дастгоҳҳои огоҳсозанда аз бӯи газ насб мекунанд. Дар минтақаҳои дигари Қазоқистон низ тафтиши хонаводаҳои серфарзанд идома дорад.

XS
SM
MD
LG