Ссылки доступа

Қазоқтаборе дар фурудгоҳи Тошканд намехоҳад, ӯро ба Чин истирдод кунанд


Қазоқтабори сокини Чин, ки айни ҳол дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд қарор дорад, аз мақомоти Ӯзбекистон хост, дархости истирдоди Пекинро иҷро накунанд.

Соҳибкор Галимбек Шагиман аз президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев хост, ки ӯро ба Чин истирдод накунад, зеро мумкин аст, дар Чин кушта шавад.

Шагиман навори муроҷиаташро дар саҳифаи Фейсбук нашр кард. Навор ва ҳуҷҷатҳои соҳибкорро фаъолони қазоқ бознашр карданд.

Созмонҳои байналхалқии ҳомии ҳуқуқ, давлатҳои ғарбӣ ва СММ мегӯянд, дар Шинҷони Чин намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, ки аксаран мусалмон ҳастанд, таъқиб ва боздошт мешаванд.

Стив Свердлоу, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ мегӯяд, истирдоди Шагиман ба Чин "партофтани вай ба холигоҳи торик аст". "Ӯзбекистон дар асоси ҳуқуқи байналхалқӣ уҳдадор аст, одамонро ба кишварҳое истирдод накунад, ки онҷо таҳдиди шиканҷа ё ҳукми қатл ҷорӣ аст", - мегӯяд Свердлоу.

Шагиман ҳамзамон аз кишварҳои ИМА, Олмон, Бритониё ва Канада даъват кардааст, ки ба истирдоди вай роҳ надиҳанд. Шагиман 41 сол дошта, зодаи Шинҷони Чин аст.

XS
SM
MD
LG